Хиёнатҳои Шумо нобахшиданист...

.

ҲНИ бо роҳбарии А. Нурӣ ва М. Кабирӣ дар солҳои 90-ум мардумро ба майдонишинӣ даъват намуда вазъиятро ноором сохта, бо барангезиши ҷанги шаҳрвандӣ ба халқи тоҷик ғаму дарди зиёде оварданд.

 

М. Кабирӣ бо гурруҳҳои хиёнаткор ва террористиаш чандин маротиба амалҳои ноҷавонмардонаи набахшиданӣ, амалиётҳои мусаллаҳона ва хиёнаткорона анҷом доданд.

Ба гуноҳҳои содирнамудаи М. Кабирӣ ва ташкилоти террористии ҲНИ 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, кӯдакони зиёде ятим ва бе сарпараст монданд. Зиёда аз 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар монданд. Ба иқтисодиёти кишварамон зарарҳои зиёди моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Аз ҳаммаслакони М. Кабирӣ аз қабили Қиёмиддини Ғозӣ ва Айёмиддин Сатторов, ки аз тарафи мақомотҳои қудратӣ дастгир карда шуданд, исбот намуданд, ки ҲНИ аз ҷониби инқилоби исломии Эрон маблағгузорӣ мешавад. Ҳамаи корҳои хиёнатпешагии содирнамудаи аъзоёни ин ташкилоти террористӣ бо маблағҳои ёринамудаи хоҷагони хориҷиашон будааст.

Бо дарназардошти хиёнатҳои содирнамудаи ташкилоти ҲНИ 20 сентябри соли 2015 ба қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳарии Тоҷикистон манъ карда шуд.

М. Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш бо дар назардошти гуноҳҳои содиркардаашон роҳи гурезро пеш гирифта, ба Аврупо фирор намуданд.

Дар Лаҳистон Кабирӣ паноҳгоҳи сиёсӣ гирифта шарм надошта хост худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад. Ҳол он ки бо он амалҳои ноҷавонмардона гуноҳ ва хиёнатҳои нобахшидании зиёдеро содир намудааст.

Чаро Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо (САҲА) ин хоинони миллати моро қабул мекунад?

Мардуми шариф ва сулҳпарвари Тоҷикистон аз шахсиятҳои ин ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ безор ҳастанд.

Мо мехоҳем, ки саркардагон ва намояндагони ин ташкилоти мамнӯи террористӣ ва экстремистии ҲНИ ҳарчи зудтар дастгир карда шуда, бо он гуноҳҳое, ки содир намудаанд, дар назди қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб диҳанд.

 

 

                  Имомхатиби

масҷиди Ҷомеи шаҳри Левакант                                                    А. Имомов