Озмуни «Омӯзгори сол – 2019»

.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -  и шаҳр  озмуни «Омӯзгори сол – 2019» доир гардид.  Дар озмун аз ҳама муассисаҳои таълимии шаҳр як нафар омӯзгори беҳтарин иштирок намуданд.  Озмуни мазкур аз ҳар як иштирокчӣ тайёрии баланди касбиро талаб намояд. Ҳама иштроикчиёни озмун корҳои эҷодии худро ба марази намоиш гузоштанд.  Иштирокчиён аз рӯи 5 шарт бо ҳам рақобат намуда, аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст омӯзгори фанни забони англисии литсейи давлатии №1 Оймаҳмадова Озода маҳорати баланд нишон дода, барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт ва дигар омӯзгороне, ки маҳорати баланд нишон доданд, бо ифтихорномаи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва бахши маориф  сарфароз гардонида шуданд.