Мақсад солимии афкори насли ҷавон аст
Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таълимии №7 вохӯрии судманд доир гардид.
Чуноне ки дастандаркорон изҳор доштанд, мақсади мо солим нигоҳ доштани афкори ҷавонон аст ва албатта ташкил шудани суҳбату вохӯриҳои собиқадорони меҳнат бо хонандагон дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию меҳанпарастии насли наврас, дарки мафҳуми ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба илмомӯзию касбазхудкунии онҳо нақши муҳим хоҳад гузошт.
Ҳикматулло Султонов, Бердӣ Валиев, Абдулҳаким Мастов ва Нуринисо Ибодуллоева бо ёдоварӣ аз рӯзгори гузашта, фаъолияти кории худ ва шароити хуби мавҷуда барои донишандӯзию илмомӯзӣ бо хонандагон суҳбати самимӣ доир намуда, таъкид намуданд, ки ҷавонони имрӯза танҳо тавассути дӯст доштани Ватан, аз худ намудани илмҳои замонавӣ, ҳамчун мутахассисони касбии сохторҳои гуногуни мамлакат омода гашта, метавонанд ворисони воқеии давлату миллат бошанд ва дар пешрафту шукуфоии ватани азизи мо саҳм гузоранд.