Дар иҷлосия чӣ пешниход шуд?
12-декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Абдулмуминзода А., иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар ҷаласа Давлатзода Зарина Дилмурод – и.в. раиси шаҳр, Ш.Маҳмадалиев- намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идора, раисони ҷамоатҳои деҳоту ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ва мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иштирок доштанд.
Давлатзода Зарина Дилмурод и.в. раиси шаҳр зимни ҳисоботи худ дар Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва корҳои анҷомдодаро дар соли 2019 баррасӣ намуда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот баҳри таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Маҷлиси олӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон чораҳои амалӣ андешида, дар соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишондиҳандаҳои пешбинишударо дар аксари соҳаҳо бо натиҷаҳо мусбат ҷамъбаст намуданд.
Ҳамзамон ӯ 2 масаълаи муҳим, робитаи зич бо муҳоҷирон ва додани шаҳодатномаи таваллудро дар беморхона пешниҳод намуд.
Дар интиҳои ҷаласа вакилон вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.