Вохӯрии судманд бо хонандагон
Рӯзи 12.11.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., ёрдамчии табиби шуъбаи вогиршиноси Ҷумахони Ш., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр - Акрамова С., муовини директори МТТҲС Холов С. ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Зулфов У. дар муассисаи мазкур бо ханандагони синфҳои 10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД), роҳҳои пешгири аз ин бемори, ғизои солим, гепатити А, В ва сил вохӯрӣ доир намуданд.
Дар охир аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиён зиёда аз 40 адад маводҳои иттилоотӣ дастрас гардид.