«Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист»
Рӯзи 12.12.2019 дар китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳр конференсияи илми адабӣ бахшида ба 80-солагии эҷодиёти шоири муосири тоҷик Бозор Собир таҳти унвони «Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист» бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон аз осору эҷодиёт ва зиндагиномаи шоир баромад намуданд.