Суруди миллӣ- эҳёгари давлати тоҷикон

.

Аз қадиммулайём ҳар як давлат новобаста аз шакли идоракунӣ, сиёсӣ ва мавқеияти ҷуғрофӣ дар баробари Парчам ва Нишони давлатиаш бо Суруди миллӣ, ки таҷассумгари забони давлатии он мебошад шинохта мешуд.

 

Дар ҷаҳони муосир  давлате вуҷуд надорад, ки Суруди миллии худро надошта бошад.  Суруди миллии ҳар як давлат ифодагари расму ойин, забон ва фарҳанги ин ё он миллатро дар худ таҷассум менамояд.

Суруди миллӣ дар радифи Парчам ва Нишони давлатӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ  ба ҳисоб рафта. аз худ кардану донистани он вазифаи ҳар як фарди Тоҷикистон мебошад.

Бо талошу пайгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими давр ин қабул намудани Суруди милии давлатӣ буд.

Маҳз ҳамин талошҳо сабаб гашт, ки соли 1994 дар иҷлосияи 20 даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар баробари Парчаму Нишони давлатӣ соҳиби Суруди миллӣ гашт. Имрӯзҳо дар ҳар хонадони мардуми тоҷик ҳар субҳгоҳон бо  тариқи пахши телевизионӣ  ва ё радио Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо

Ба хотири эҳтироми ин рамзи муқаддас иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо. шаҳру ноҳияҳо, маҷлисҳои тантанавӣ ва Анҷуманҳои ҳизбҳои сиёсӣ   бо садо додани Суруди миллӣ оғоз мегардад.

Сурди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷа имрӯз варзишгарони машҳури тоҷик зимни ба даст овардани ғолибият дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. ки ин ҳам бошад ифтихори ҳар як шаҳрванди диёри азизамон мебошад.

Ғиёсов Ш, сокини шаҳри Левакант