Озмуни «Беҳтарин хушнавис»

.

Озмуни «Беҳтарин хушнавис»  дар доираи омодагӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии “Наврӯз” бо мақсади бедор намудани  шавқу рағбати хонандагон ба хати зебо доир  мегардад. Вазифаи асосии озмун хушнависӣ, дуруст, бехато ва зебо навиштани хонандагон мебошад.

 

Мақсад аз баргузории озмун ғани гардонидани маънавиёти хонандагон, тарбияи онҳо дар руҳияи  ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу  умумибашарӣ, хушнависию хушбаёнӣ ва ҷалби  ҳарчи бештари хонандагон ба бехатову зебо навиштан;

-тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи хушнависӣ, донистани таърихи мактаби  хушнависони Мовароуннаҳру Хуросон, таърихи китобати осори гузаштагон дар давоми асрҳо, хатҳои гуногуни истифоданамудаи гузаштагон;

-баланд бардоштани мавқеи хушнависӣ ва ҳавсманд намудани  хонандагон ба хушнависӣ мебошад.

Бо мақсади дарёфти хонандагони хушнавис дар муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 озмуни мазкур миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд. Дар  озмун зиёда 200 нафар хонандагон иштирок  доштанд.