«Фурӯғи субҳи доноӣ...»

.

Ҳарчанд озмуни «Фурӯғи  субҳи доноӣ...» дар сатҳи ҷумҳурӣ чамъбаст гардида бошад ҳам, таҳти ин унвон ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои зиёде доир гардидаистодаанд.

 Мутахассиси  маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр Эшова Боғигул иброз намуд, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии №№№1,2,3 – и шаҳр чунин маҳфили адабӣ   оид  ба  фаъолияти   шоири муосири тоҷик Мирсаид Миршакар, шоира Гулчеҳра  Сулаймонова, шоири муосири тоҷик Аминҷон  Шукуҳӣ ва дар муассисаи тамактабии хусусии шаҳр  оид  ба  фаъолияти   шоири  муосири   тоҷик  Абдумалик   Баҳорӣ  гузаронида  шуд.

Мақсад аз гузаронидани  маҳфили мазкур ҷалби наврасон ба китобу  китобхонӣ, бедор намудани  ҳисси ватандӯстӣ,  ватандорӣ ва ифтихори милллии наврасон мебошад. Дар маҳфил шеъру ҳикояҳо аз ҳаёту фаъолияти  шоирон  қироат гардид.   

Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№14, 2 Литсейи №1 – и шаҳр  оид ба фаъолияти  шоирони муосири тоҷик  Бозор  Собир, Абдулқодири Бедил, Муъмин Қаноат маҳфили мазкур гузаронида шуд.  Хонандагон аз ҳаёт ва фаъолияти шоирон саҳначаҳои ҷолибу диққатҷалбкунандаро пешкаши иштирокчиён намуданд.