Бегонапарасти то ба кай?
Сатр, ҳиҷоб ё ниқоб, мафҳумҳои омехтае мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Дар ин бора ибрози андеша кардан андаке мушкил аст. Шояд баъзеҳо бигуянд, ки ба ин чӣ кор дорӣ? Ҳақ доранд, зеро ибрози андеша дар доираи одоб озод аст, вале ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон наметавонам дар ин бора бетараф бошам. Ба ибораи дигар бигуем бетарафӣ бешарафист!
Шояд шумо аз оғози баёни андеша ба фикр фуру рафтеду мехоҳед бидонед, ки бо баёни сатр, ҳиҷоб ё ниқоб муаллиф чӣ мехоҳад, шарҳ медиҳам.
Мо ва Шумо гузаштаи худро лоақал ба қадре медонем ва дар мавриди пушиши либоси миллӣ маълумот дорем, пас барои чӣ ба тарғиби либоси бегона машғул шавем. Дар ягон акси қадима ё ҷое надидам, ки модари тоҷик бо русарии сиёҳ сару руй печида бошад. дар ин хусус бо донишмандони тоҷик борҳо суҳбат ҳам доштам. Эшон дар пайи баёни матлаб гуфта буданд, ки ниёгони мо аз қадим ба мисли сатри сиёҳ ё рангҳои дигар русарӣ надоштанд. Он рӯсарие, ки дар гузашта модарони тоҷик ба сар мекарданд, ранг, намуд ва шакли тоҷиконаи пӯшиш доштанд. Пас андешае ба миён меояд, ки сатр аз куҷо ба вуҷуд омад? Маълум аст, ки моли бегона аст ва ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикон рабт надораду танҳо зарба задааст.
Тариқи наворҳои видеои бсиёр дидаам, ки русарии сиёҳ яъне (сатр)-ро танҳо ба ҷои ниқоб дар амлҳои терористӣ истифода мебаранд. Пас чаро баъзе аз бонувони тоҷик чунин русариро ба сар мекунанд? Оё ин бегонапарастӣ ва тарғиби либоси бегона нест?
Дар ин маврид пайваста Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон дар суханрониҳояшон зикр мекунанд, ки модарони тоҷик аз азал танҳо докаи оддӣ ё руймоли сафеде ба сар мекарданду бас.
Аз чи бошад, ки имрӯз миёни занҳо сатри сиёҳ муд шудаву онҳо сару рӯй мебанданд ба андешае, ки танҳо худашон мусалмони ҳақиқӣ ҳастанд. Оё сатрбанди метавонад тамоми кирдорҳои баду ношоистаро пӯшонад? Албатта не!
Хонандаи азиз ба иззати нафсатон намерасем, агар Шумо мушоҳида карда бошед на ҳар як сатрбанд рафтору одоби дуруст дорад. Танҳо ҳаминро мегуем, ки сатр моли мо нест ва дар ягон давру замон модари тоҷик чунин русарӣ надошт. Боқи қазоват аз Шумост.
Ниёзӣ