Туҳфа ба мактаб

.

Дар арафаи соли нави мелодии 2020 и.в.-и раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳр 1-адад теловизори рангаи плазмавӣ ва 50 адад китоби дарсии забони англисӣ барои синфҳои 7-ум тақдим намуданд.

 Туҳфаҳои раиси шаҳрро роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Воҳидзода Ҷамшед дастраси хонандагону омӯзгорон гардонид. Китобҳо ба китобхона супорида шуда, телевизор дар толори муассиса насб карда шуд. Телевизор дар ҳоле тӯҳфа гардид, ки роҳбарият ва омӯзгорони муассиса ба тамошои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон, ки рӯзи 26-декабр баргузор мегардад, омодагӣ дида истода буданд.

Омӯзгорони муассиса барои ғамхориҳои пайвастаи раиси шаҳр нисбати таълиму тарбия изҳори сипосу минатдорӣ намуда, дар пеши худ азм гузоштанд, ки дар пайи ин ғамхориҳо сифати таълиму тарбияро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мемонанд.

Ҳамзамон роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Воҳидзода Ҷамшед аз номи раиси шаҳр ба хонандагон таҳсили хуб ва ба омӯзгорон фаъолияти пурсамарро дар таълиму тарбияи насли наврас орзу намуданд.