Қотили Модар
Нидо ба террористе, ки модарашро дар Сурия ваҳшиёна ба қатл расондааст.
Эй Аҳриман, насли заҳҳок,
Эй майнахури майнақоқ
Эй Ҳуртуни оташнафас
Эй каргаси зери қафас
Эй ландаҳур, эй аждаҳо,
Эй Иблиси дур аз Худо
Эй нашъаманди каллабур
Эй каллабури каллахур
Аё сутури дарбадар
Шармандаи аҳлибашар
Эй Чингизи тухми муғул,
Эй баднамуд авлоди Ғул
Дарандаи даррандаҳо
Исломгарои Карбалло
Эй Қотили зардобахур
Зардобахӯри ландаҳур
Хобида шабҳо дар камар
Дар ҷустуҷӯят шаҳр ба шаҳр
Модар мекобад туро
Тоин ки дарёбад писар
Чанд кӯҳу саҳроро гузашт
Водиву дарёро гузашт
Аз ҳайбати хирсу паланг
Аз ваҳшати шерри жаён
Модар гузашта беҳаррос
Аз паҳлуи даррандагон
Кардаанд ҳис даррандагон
Ин зан ҳақиқат модар аст
Дар ҳифзи ин модар ҳаме
Истодаанд чун посбон
Шаҳрҳои дунёро бикофт
Охир туро бечора ёфт
Оғӯш бикшод сӯи ту
Бӯсида чашму рӯи ту
Бо ӯ дарафтоди ба қаҳр
Чанге задӣ аз мӯи сар
Луб лунда шуд монанди тӯб
Он гоҳ бикарди шаттакӯб
Модар ба сад ранҷу азоб
Ҷон дод зи теғат эй қасоб
Модар ба теғат кушта шуд
Ҷисмаш ба хун оғушта шуд
Аз хуни модар он замон
Чун шира карди нӯши ҷон
Бардошта дасти дуо
Дорем тавалло аз Худо
Бардор аз рӯи замин
Ин қавму ин бадзодро
То одамӣ ёбад раҳо…
РАҲМАТУЛЛОИ ИСМАТӢ