Пахши мустақими Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Э. Рамонро сокинони шаҳри Левакант дар қатори дигар сокинони мамлакат тамошо намуданд
Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи махсус дода, зикр намуданд, ки мо бо ҳадафҳои стратегии мамлакат зина ба зина расидаем ва саноатикунонии кишвар ҳадафи 4-уми стратегӣ буда, дар ин самт корҳо ҷоннок карда шаванд.
Ҷиҳати дастгирии соҳибкорон нуқтаи назар намуда, миннатдории хешро барои корҳои созандагию ободонӣ ба онҳо баён карданд. Ҳамзамон ба сохторҳои назоратӣ таъкид намуданд, ки ба фаъолияти соҳибкорон монеъ нашаванд.