Аёдати пирон вазифаи инсонии мост!

.

Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ собиқадорони меҳнати шаҳр Раҷабмурод Сармисоқов ва Рӯзигул Ҳусейноваро аёдат намуда, онҳоро бо фаро расидани ин ҷашн табрик гуфтанд.

 Тавре, ки Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр изҳор дошт, аёдати собиқадорони меҳнат, ба қадри меҳнати садоқатмандонаи пирон расидан ва дастгирии онҳо вазифаи инсонии ҳар яки мост.

Собиқадорон низ дар навбати худ ба аёдаткунандагон барои таваҷҷӯҳу ғамхориашон изҳори ташаккур намуда, дуои тансиҳатии онҳоро намуданд.