Даври сеюми олимпиада дар шаҳр

.

Бино ба иттилои директори  Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи  шаҳр  Нозимов И.  дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и  шаҳр  олимпиадаи  фаннии  мактаббачагон даври сеюми   (вилоятӣ)  байни  чордаҳ  шаҳру ноҳияҳои  минтақаи  Бохтар   аз фаннҳои  таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ  ва асосоҳои давлат ва ҳуқуқ  байни  синфҳои 10 гузаронида шуд.

 Дар олимпиадаи мазкур аз муассисаҳои таълимии шаҳр  се  нафар  довталабон  Азизаи Ибодулло  хонандаи синфи 10 – и  муассисаи таълимии №1 аз фанни  асосҳои давлат ва ҳуқуқ созовори  ҷойи  дуюм,

Шеров Сироҷиддин  хонандаи  синфи 10 – и  муассисаи  таълимии №2  ва Шарофиддинзода  Беҳрӯз  хонандаи  литсейи давлатии №2  созовори ҷойи сеюм аз фанни  таърихи халқи тоҷик  гардида, аз тарафи маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои  вилояти Хатлон бо ифтихорнома ва медал қадрдонӣ карда шуданд.