Паёми Пешвои миллат ва нақши он дар ташаккули фарҳанги миллӣ

.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабр ироа гардид, чун ҳамешагӣ ба соҳаи маориф, пос доштани забони модарӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли наврас, ба китобхонию ҳифз кардани мероси адабии аҷдодони мо ҷалб сохтани онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва ташаккули фарҳанги миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

 

Чуноне ки Сарвари давлат қайд намуданд: Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Роҳбари давлат торафт аз китобхонӣ дур шудани наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, падару модарон ва тамоми сохторҳои марбуттаро барои бою ғанӣ гардонидани китобхонаҳо, ҷалби бештари хонандагону ҷавонон ба мутолиаи асарҳои пурқиммати гузаштагони мо ва ҳавасманд сохтани онҳо вазифадор намуданд. Чуноне ки қайд гардид: Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Роҳандозӣ ва баргузор шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар пайдо гардидани истеъдодҳои нав, муаррифию ҳавасмандии онҳо, рушду тавсеа ёфтани қобилияти сухандонию маърифатнокии аҳли ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки минбаъд ин озмунро аз рӯйи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монданд.

Воқеан омӯзиши асарҳои пурғановати аҷдодони мо дар шинохти решаҳои аслии миллати тоҷик ва гузаштаи пурифтихори мо нақши муҳим доранд. Дар робита ба ин Пешвои муаззаму маорифпарвари халқи тоҷик изҳор доштанд, ки аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи кишвар туҳфа менамоям.

Дар шароите, ки таъсироти дохилаву беруна ба заъфи маънавию фарҳангии бисёре аз миллатҳои ҷаҳон оварда расонидааст, ин азми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бесобиқа ва шоистаи пайравӣ ба шумор меравад. Ин амали неку хайрхоҳона ҳар яки моро водор мекунад, ки ба китобу китобхонӣ рӯ оварем, ба қадри мероси бою ғании гузаштаи пурифтихор бирасем ва бо ин роҳ насли ҷавони аз решаҳои аслии худ огоҳ ва шоистаи давронро тарбия намоем.

 

 

Нуринисо Ибодуллоева,

 мудири шуъбаи кор

бо занон ва ҷавонони Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант