Кӯдакон Соли Навро бо раиси шаҳр ҷашн гирифтанд!

.

25-  кӯдаке, ки аз волидайни худ маҳруманд, Соли Нави имсоларо дар қаҳвахонаи «Миршаб» ҳамроҳ бо раиси шаҳр ҷашн гирифтанд.

 

Бахшида ба Соли Нави мелодӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои кӯдакони ятими кулл чорабинии идона доир намуд.

Раиси шаҳрЗ. Давлатзода ҳозиринро ба Соли Нави мелодӣ табрик намуда, туҳфаҳои ҷашниро тақдими онҳо кард.

Ба гуфти муовини раиси шаҳр Н. Қурбонова дар баргузории ин чорабинӣ саҳми ҶДММ “Мурғи порсиён” ва роҳбари он С. Таваралиев хеле зиёд аст.

Сипас зери савту навоҳои санъаткорони шаҳр кӯдакон рақсу шодӣ намуданд.

Дар охир аз тарафи саҳмдори чорабинӣ, роҳбари ҶДММ “Мурғи порсиён” ба кӯдакон ҳамчун идона, туҳфаҳои пулӣ ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.