Кӯмак ба шахсони имконияташон маҳдуд
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти кӯмак ба ниёзмандон, имрӯз соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сармашқи кори худ карда, пайваста дар иду ҷашнҳо ба ниёзмандон кӯмак мерасонанд.
Дар арафаи соли нави мелодии 2020 соҳибкорони маҳаллӣ Садриддин Ғозиев ва Азиз Азимов ба 15 оилаи ниёзманд ва имконияти маҳдуддоштаи ҳудуди ҷамоти деҳоти «Ваҳдат» кӯмаки якдафъаинаи маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, макарон, қанд ва намак расониданд.
Ҳамзамон худи соҳибкорон ва раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Ф. Султонов ба аёдати ниёзмандон рафта оҳоро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба соли нави мелодӣ табрик намуданд. Маводҳои ғизоиро бошад ба онҳо ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим намуданд. Инчунин ба шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзмандон ваъда доданд, ки бо даст додани имконият ва ривоҷ ёфтани фаъолияти соҳибкориашон миқдори кӯмакҳояшонро ба ниёзмандон бештар мегардонанд.
Бояд ёдрас шуд, ки вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.