Муҳаммадрофеи Кароматулло меҳмони Левакант
Дар арафаи Соли Нави мелодӣ дирӯз, 30- декабр дар назди арчаи солинавӣ чорабинии калони консертӣ доир гардид. Ба консерт роҳбари ансамбли «Ориё»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони маъруфи кишвар Муҳаммадрофеи Кароматулло даъва шуда буд, ки бо савту оҳангҳои дилошуб табъи аҳли сокинони шаҳрро болида намуд. Дар охир тамоми аҳолии шаҳрро барои иштирок дар чорабинии тантанавӣ, ки дар назар аст имрӯз доир гардад, даъват намуданд.