«Кимиёгарон», ғолиби озмун
Рӯзи 31.12.2019 дар қасри фарҳанг бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба соли нави мелоди байни ташкилоту муассисаҳо озмуни ҳозирҷавоб (КВН) доир гардид.
Дар озмуни мазкур 3 даста – «Шифокор», «Кимиёгарон» ва «Леваканд» аз рӯи 5 шарт: саволнома, суруд бо оҳанги нав, саҳначаи ҳаҷвӣ, тақлидкорӣ, саволу ҷавоб байни гурӯҳҳо, миёни ҳам сабқат намуданд.
Ба гуфти Ҷумахон Одинаев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ин озмун бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандориву ватандӯстии ҷавонон, шинохт ва дарк намудани таъриху фарҳанг ва пешгирии даст задании ҷавонон ба омилҳои номатлуб ҳамасола баргузор мегардад.
Ҳамин тариқ аз рӯи натиҷагирии холҳо дастаи «Кимиёгарон» ҷойи аввал, дастаи «Шифокор» ҷойи дувум ва дастаи «Леваканд» ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардида, бо тӯҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр сарфароз гардонида шуданд