Тибқи нақша-чорабинии ШВКД дар шаҳри Левакант, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, бо иштироки муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, Сардори ШВКД дар шаҳри Левакант, подполковник Абдулмаҷидзода Рустам, муовинони Сардори ШВКД, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроия ва директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Вохӯриро Сардори ШВКД дар шаҳри Левакант, подполковник Абдулмаҷидзода Рустам оғоз намуда иброз дошт, ки Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паёми Президент эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Ҳамзамон вобаста ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва нақши он дар боло бурдани тарбияи ҳуқуқии ҷомеа дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби иштирокдорон ибрози назар шуд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бузург мебозад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти минбаъдаи худро ба роҳ монда, бо дасту дили гарм ба халқу Ватан хизмат намуда садди роҳи ҷиноят ва қонунвайронкуниҳо гардем гуфт, Абдулмаҷидзода Рустам Сардори ШВКД-и шаҳри Левакант.