Тибқи Нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамбастаги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК”-и шаҳри Левакант санаи 05 октябри соли равон дар толори ташкилоти ибтидоии мазкур, бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр – Олимзода Низора, сармуҳарири рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд” – Ашуров Орзу, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – Вализода Берди Раҷаб, адиби шаҳри Левакан - Раҳматуллои Исматӣ, фаъолони шаҳр, доншчӯён ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Конференсияи илмӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз 7-уми октябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинӣ иборат аз масъулини бахши кор бо занон ва оила, мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази ВНМО ҷиҳати таблиғу ташвиқи ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, ҷалби аҳли ҷомеа дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонону наврасон, пешгири аз омилҳои номатлуб, одатҳои бад ва бемориҳои сироятӣ дар кӯчаҳои Борбад 27 ва 29-и маркази шаҳр бо аҳолӣ суҳбатвохӯрӣ гузарониданд.
Бо мақсади ба тартиб дарории ҳисоботи омории аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Каниева Низора дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "КАТС" муқоисакунии аъзоён гузаронида шуд.
Имрӯз 31-уми октябр, тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омӯзиши ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ дар шаҳри Левакант санҷишу омӯзиши қувва ва воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ доир гардид. Дар ин тадбир шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ширкат варзида, омодагии худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ин амал бори дигар исбот намуданд. Чуноне мушоҳида карда шуд барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, хаймаҳо, гуруҳи табибон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ ва дигар техникаву воситаҳо дар ҳолати хуби омодабош қарор доштанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба раванди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», пешгири аз тарғиби пушидани либоси ба фарҳанги тоҷик бегона, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, сил, ҳолатҳои номатлуб, дар МДТТ №2-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён", вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия - Каниев Низора иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, пойдории оилаи солим ва зуроварӣ дар оила маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод карда шуданд.