Имрӯз 3-юми феврал, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и шаҳри Левакант, даври минтақавии олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз фанҳои география ва технологияи иттилоотӣ байни хонандагони синфҳои 7-8 баргузор шуд.

 

Дар маросими ифтитоҳ намояндаи МИҲД-и шаҳри Левакант Шеров Давлат, намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва омӯзгорону мутасадиён иштирок доштанд.

Дар ин Озмун дар қатори хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таълимии минтақаи Бохтар, хонандагони шаҳри Левакант низ фаъолона иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳар як довталаб кушиш намуд, ки ғолибиятро ба даст оварда обрӯи муассисаи худро баланд бардорад.