Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, Муминзода Мастура Табарӣ кори худро аз дидани муассисаҳои фарҳангӣ оғоз кард. Ӯ дар рӯзи аввали корӣ ба Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии "ЛКСК"-и ДБССТ дар шаҳри Левакант ташриф оварда, аз даврони таърихсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дидан намуд. Ва дар китобҳои Осорхона ҳамчун арзи эҳтиром дастхати худро гузошт.
Ҳамзамон аз синфхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, ба даврони ҷавонию кору таҳсил ва давлатдории Сарвари давлат ошно гашт.
Инчунин Муминзода Мастура Табарӣ аз бахшҳои фарҳанг, маориф ва муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр дидан намуда, баҳри ҷоннок намудани кор дар ин соҳаҳо ба масъулин супоришҳои махсус дод.