Имрӯз 15-уми феврал, дар толори муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ш. Левакант, ба муносибати 33-солагии баромадани Қушунҳои маҳдуди Артиши Иттифоқи Советӣ чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ тамоми ҷанговарони башардӯсти шаҳр ширкат намуда, таҷлил аз ин рӯзи таърихи намуданд.

Дар оғоз раиси Иттиҳодияи ҷанговарони башардӯсти шаҳр Кенҷаев Ғ. тамоми ҳамсафон ва иштирокдоронро ба ин санаи фархунда табрик намуд.

 

Сипас ҳисоботи раис ва хазинадори Иттиҳодия аз тарафи ҳозирин шунида шуд.

Дар идомаи маҷлис интихоби ҳайати нави роҳбарикунандаи Иттиҳодияи интернатсионалистон сурат гирифт, ки дар он тибқи хоҳиши аксарият, Кенҷаев Ғ. Аз нав раиси Иттиҳодия интихоб шуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш. Леваккант-Султонов Ҳ., мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳр Муминов Ф., Комисари ҳарбии шаҳр, подполковник Шарипов С. ва дигарон тамоми ҷанговарони башардӯстро ба ин рӯзи барояшон фархунда табрик намуданд.

Султонов Ҳ. дар фазои тантанавӣ аз тарафи Шӯрои собиқадорони шаҳр, ба якчанд ҷанговарони интернатсионалист, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол ва дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми арзанда доранд, барои хизматҳои софдилона дар бунёди сулҳу ваҳдат, дӯстии халқҳои Шӯравӣ ва Афғонистон, дифо аз марзу буми кишвар бо «Ифтихорнома»-ҳо қадршиноси карданд.