Масъулин ва кормандони Корхонаи бехатарии озуқавории шаҳри Левакант, дар назди корхонаи худ шанбегӣ гузарониданд. Онҳо тибқи нақшаи кабудизоркунӣ як миқдор ниҳол ва гулу буттаҳои ороиши шинонида, атрофи корхонаро ба тартиб дароварданд.
Масъулин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҷиҳати самаранокистифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин дар замини назди корхона картошка ва дигар сабзавотро кишт намуданд.
Роҳбари корхона Боронов Файзиддин гуфт, ки дар қатори дигар ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ онҳо ҳам дар маъракаҳои кабудизоркугӣ иштирок намуда саҳми худро дар ободонии шаҳр мегузоранд.