Имрӯз 24-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Конференсияи 26-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, баргузор гардид.

 

Дар кори Конференсия, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, муовини якуми раиси шаҳр-Кабирзода Неъматулло, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Дар кори Конференсия, масъалаҳои «Ворид намудани тағ йирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва раёсати он», «Пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар ҳавзаи интихоботии №29 и қаламрави шаҳри Левакант ба ивази вакили хориҷшуда» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди матраҳ қарор гирифт.

Раисикунандаи конференсия Олимзода Низора қайд намуд, ки бо сабаби иваз шудани ҷойи кор, ҷойи истиқомати аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва раёсати он тағйиротҳо ворид карда мешавад.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашуда лоиҳаи қарорҳо пешниҳод ва қабул карда шуданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки 5 феврали соли 2024 дар иҷлосияи ғ айринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати шашум ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар ҳавзаи интихоботии №29, бо қарори дахлдор пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.

Бинобар ин, дар асоси моддаи 48-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», банди 2,3-и Оинномаи ҲХДТ дар сурати аз ҷониби Маҷлиси дахлдори вакилони халқ беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида ва ё бо сабабҳои дигар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаҳои дахлдори интихобот интихоботи дигар гузаронида мешавад.

Аз рӯи ҳамин талаботи қонун, дар мувофиқа бо мақомоти болоии ҲХДТ ва пешниҳоди аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоӣ номзадии Муминзода Мастура Табарӣ-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, узви ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар ҳавзаи интихоботии №29 пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи қарори конференсияро оид ба пешбарӣ намудани Муминзода Мастура Табарӣ-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, узви ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №29 қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ муовини якуми раиси шаҳри Левакант Кабирзода Неъматулло тавсияву дастурҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ расонид. Аз ҷумла ҷиҳати сафарбар кардани ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ , забономӯзии ҷавонон, маърифати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баргузории аксияҳо бо ширкати ҷавонон, пешбурди фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла ҷиҳати бақайд гирифтани номзадҳо, таҳияи ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо бо интихобкунандагон, шахсони боэътимоди онҳо, тариқи усули хона ба хона, 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 8-уми декабри соли 2023 дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ ва Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ санаи 28-уми декабри соли 2023 баён дошта буданд ба фаъолон, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ чиҳати амалӣ гардидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.