Имрӯз 23-юми март, аз субҳи барвақт дар шаҳри Левакант ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ тантана кард. Маликаи ҷашни Наврӯз баҳор ҳамчун рамзӣ Наврӯзӣ бо як гурӯҳ духтарону ҷавонон шеърхонон дар кӯчаҳои шаҳр, омадани ҷашни бостонии Наврӯзро истиқбол намуданд.
Сипас дар як гӯшаи шаҳр, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дигар сунатҳои Наврӯз ва дастоварди меҳнаткашони шаҳри Левакант пешкаши меҳмонону тамошобинон гардонида шуд.
Ҳамзамон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳот пешкаши сокинон гардонида шуд.
Дар варзишгоҳи марказии шаҳр бошад чорабинии фарҳангии омодакардаи аҳли ҳунару фарҳанги бо иштироки ҳунармандону ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба сухан баромада тамоми меҳмонону иштирокдоронро ба ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Ӯ зимни сухани табрикии худ иброз дошт, ки моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузург умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи Ҳисоб-Чиллазода Қарахон сокинони шаҳри Левакантро ба ҷашни Наврӯз табрик намуда иброз дошт, Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшандагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон Усмонзода Исфандиёр, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, ҳамчун намояндаи вилоят зимни табрикоти Наврӯзии худ иброз дошт, ки иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд.
Сипас чорабинии фарҳангиро суруду таронаҳои наврӯзии ҳунармандони шаҳри Левакант ва ҳунармандону ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар ранг бахшиду тамоми сокинони шаҳр дар ҳавои таронаҳои дилнишини идона хушҳолӣ намуданд.