Ҳамватанони гиромӣ!
Имрӯзҳо дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам тантана дорад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонию муборак, соли нави аҷдодиамон–Наврӯзи ҳуҷастапай ва зеботарин фасли сол–баҳори гулбасар самимона табрик мегӯям.
Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ин иди бостонӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихӣ Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро ҳамеша нигоҳ доранд. Тамоми оинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонад наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намояд.
Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маъноӣ Рӯзи нав ва тоза, Рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад,омадааст.
Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.
Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузург умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.
Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.
Ҳозирини арҷманд!
Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.
Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд. Ҷашни Наврӯз аз замони асосгузори он–Ҷамшеди Пешдодӣ–то имрӯз аз зебоиву накуӣ, бузургдошти инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ саршор мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсону табиат буда, аз ғояҳои ҷовидонаи сулҳу сафо, ростиву накукорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ сарчашма мегирад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.
Ҳамватанони азиз!
Бояд гуфт, ки ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд.
Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.
Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист ва шаҳри худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем.
Чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.
Бори дигар ҳамаи шумо–ҳамватанони азиз ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро бо фарорасии ин ҷашни пуршукӯҳи бостонӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар якатон тандурустӣ, зиндагии босаодат ва сулҳу оромиро орзу менамоям.
Наврӯзатон муборак ҳамдиёрони азиз!