24-уми март, дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти "Ваҳдат"-и шаҳри Левакант чорабинии идонаи Наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Эмомов Абдуҷаббор, раиси ҷамоати деҳоти "Ваҳдат"-Фарух Султонов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Халилзода Нуқрамоҳ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Муминзода Мастура иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр тамоми сокинони деҳаро ба ҷашни пуршукуҳи Наврӯз табрик намуда, барои чунин омодогӣ ва сохтани фазои зебоӣ идона аҳсан хонд. Ӯ зимни сухани табрикии худ иброз дошт, ки Наврӯз шукуҳу шаҳомати худ яке аз идҳои бонуфузи тоҷикон аст, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ва он бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин фахри мо миллати тоҷик мебошад.
Сипас намоиши таомҳои миллии ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои миллӣ, таҳия ва пешниҳоди таомҳои миллие, ки хоси ҷашни Наврӯз ҳаст манзури меҳмонон гардонида шуд.
Усмакашию машотагӣ, чиқилбозии гулдухтарони деҳа, бандкашӣ, гуштингирӣ ва хурӯсбозии ҷавонон аз бахшҳои вижаи чорабинии Наврӯзии сокинони деҳа буд.
Сипас барномаи рангини ҳунарӣ бо суруду таронаҳои Наврӯзӣ пешкаши сокинони деҳа гардонида шуд.