Имрӯз 4-уми апрел, тибқи нақшаи бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №3-и шаҳр, байни тарбиятгирандагон Озмуни «Забондони беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун намояндагони бахши маориф, омӯзгорон ва мураббиёни муассиса иштирок намуда, ба сатҳи забондонии тарбиятгирандагон ошно гаштанд.
Тарбиятгирандагони муассиса, дар доираи барномаҳои забономӯзии азхудкардаашон аз забонҳои руссӣ ва англисӣ, бо расмҳо ва бозиҳои шавқовар фаъолона иштирок намуда, маҳорату дониши забондонии худро нишон доданд.
Мутасаддиён ва иштирокчиён ба донишу малакаи тарбиятгирандагон баҳои хуб дода, ба мураббиёнашон дар ин ҷода аҳсан хонданд.
Дар охир иштирокчиён аз тарафи маъмурияти муассиса, барои ширкати фаъолашон дар озмун бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
Ба гуфти мудири муассиса Каримова Д. баргузории машғулияту чорабиниҳо ва озмунҳои дохилимуассисавӣ дар кӯдакистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, мураббияҳои кордон баҳри тарбияи дурусти кӯдакон тамоми саъю талоши худро равона мекунанд.