Яке аз корҳои хайру савоб барои мардуми мусалмон дар арафаи иду ҷашнҳо роҳ сохтану тоза намудани атрофи оромгоҳҳо мебошад, ки ҷавонони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ташаббуси раиси маҳала Қаландарзода Мирзоалӣ ва эмомхатиби масҷиди деҳа Қаландарзода Назаралӣ ин амали хайру савобро анҷом доданд.

 

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипарӣ дар арафаи иди саиди Фитр, ҷавонони деҳа сарҷамъона тариқи ҳашар роҳи оромгоҳи деҳа, ки аз боришоти зимистонӣ вайрон шуда буд, дуруст намуданд. Инчунин ҷавонон дар якҷоягӣ атрофи қабристонро тоза намуда, дар ин кори хайр саҳмгузорӣ карданд.

Тавре, ки хатиби масҷид ва раиси маҳалла иброз доштанд чунин кор бо ҷалби ҷавонон хеле бамаврид буда, онҳоро барои анҷоми кори савоб водор месозад. Ва таъкид шуд, ки ҷавонони мо бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат бояд дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.