Имруз гурӯҳи кори аз хисоби котиби комиссия оид ба хукуки кудак Хайрилозода И., сармутахассиси шуьбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеаи дастгохи раиси шахр Мохираи А., гурӯҳи кории мазкур бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва и. в раиси шахри Левакант Муминзода М. дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, ташкил гардидааст.
Мавриди зикриаст, ки гурӯҳи корӣ бо аъзои хонаводаҳо вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз сӯҳбат оростанд. Аз ҷумла, дар хусуси пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таълими ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.