Яке аз хатарҳои хоҷагии қишлоқ, ин яку якбора зиёд гаштани малах мебошад, ки ба соҳаи кишоварзи мушкилии зиёд меорад.
Барои несту нобуд кардани малах ва безараргардонии заминҳои кишти аҳолӣ аз тарафи масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Левакант, хадамоти оташнишонӣ ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» корҳои безараргардони ҷараён дорад.
Зимни суҳбат раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Фарух Султонов иброз дошт, ки муддати 15-рӯз мешавад, ки дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр ва сокинони деҳаҳои Нурафшон, Навобод, Истиқлол, Зағертут ба нобуд кардани малах машғулем ва Ситодҳои мубориза бар зидди малах ҳамарӯза гузаронида мешавад. Инчунин ӯ азуд, ки малахи марокашӣ аз ҳудудҳои ҷамоати деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кушониён ба шаҳри Левакант таҳдид мекунад ва мо кушиш карда истодаем, ки саривақт ин ҳашароти зарароварро несту нобуд созем. Ситодҳои мубориза бар зидди малах ва нестунобудсозии ҳашарот идома дошта, ҳамарӯза баҳри наҷоти зироатҳои полезӣ ва боғу токзорҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад гуфт Султонов Фарух.