ЛЕВАКАНТ: Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №4-и шаҳри Левакант вохӯрии гурӯҳи корӣ, байни ахли ҷамоатчигии деҳаи Боҳтуробод-2-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант, ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалуфасли он, ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ иборат аз раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинов Ориф, мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Левакант иборат буда, бо сокинон вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз баромад карда, баҳри пешгири аз амалҳои номатлуб фаҳмондадиҳи намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуб дар баробари курраи ҷаҳон Тоҷикистони моро низ ба ташвиш овардааст, ки дар ин масъала ҳар як сокини мамлакат бояд ҳушёру зирак бошаду аз эҳтиёт кор бигирад. Инчунин баҳри пешгири аз ҷиноят, тероризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, амалҳои номатлуб, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, нашъамандӣ, одатҳои бад ҳеҷ кас бояд бетараф набуда, баҳри паст кардани хатари чунин омилҳо бояд саҳми худро дар ҷомеа гузорад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки ҳар як сокини мамлакат бояд талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаро риоя намуда, дар амали гаштани онҳо саҳми худро гузорад.