Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табариро барои пеш аз муҳлат ва босифат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо Сипоснома қадршиносӣ намуд.

Сипосномаро 6-уми май, дар маҷлиси панҷдақиқаинаи назди раиси шаҳр, Комиссари ҳарбии шаҳр-Ҳусейнзода Юнус дар фазои тантанавӣ аз номи Вазир Мудофиа ба Муминзода Мастура Табарӣ тақдим намуд.

 

Муминзода Мастура аз номи худ ва аз номи Вазири Мудофиа ба ҳамаи аъзоёни комиссияи даъватӣ, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони корхонаю идораҳо ва намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ саҳм гузоштаанд изҳори сипос намуд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Левакант, чанде пеш иҷро гашта буд, ки ин аз худогоҳию хештаншиносии ҷавонон ва дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфтани онҳо шаҳодат медиҳад.