Рӯзҳои 2-3-юми майи соли ҷорӣ, аз тарафи масъулини Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, бо ҷалби намояндагони ВАО-и минтақаи Бохтар ва расонаҳои дигари ҷумҳуриявӣ дар доираи Лоиҳаи USAID «Модари солим-кӯдаки солим» бо мувофиқаи Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар семинари дурӯзаи омӯзишӣ гузаронида шуд.

 

Масъулини чорабинӣ намояндаи Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сафаралӣ Абдулло, тренерон намояндаи Лоиҳаи USAID «Модари солим-кӯдаки солим» Раъно Додоҷонова ва Анушервони Билол муовини директори маркази ҷумҳуриявии ғизои солим доир ба манфиати ғизои солим, роҳҳои нави расонидани иттилоот ба аҳолӣ вобаста ба ғизои солим, ҳифзи саломатии модару кӯдак, расонидани маълумоти дақиқ ва саривақтӣ оиди солимгардонии аҳолӣ, мафҳуми фарогирии гендери ва иҷтимоӣ, ғизои зани ҳомила дар давраи ҳомиладорӣ, ғизои кӯдак то давраи шашмоҳагӣ, нақши ВАО дар тарҳу намоиши масъалаҳои ҳифзи солимии аҳолӣ ба иштирокдорон омӯзиш гузарониданд.

Ин омӯзиш аз ҷониби намояндагони ВАО ва дигар иштирокдорон давоми ду рӯз тариқи корҳои гурӯҳӣ ва машғулиятҳои имфиродӣ хеле хуб ҷараён гирифта иштирокдорон боз ҳам вобаста ба мавзуоти баррасишаванда дониши худро мукамал намуданд, ки минбаъд бо тарзу усулҳои нав корбари хоҳанд кард.

Дар ҷамъбасти семинар сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон-Шарипов Шайдулло ба кори омӯзиш баҳои баланд дода, зикр намуд, ки минбаъд агар бо ҷалби намояндагони ВАО, соҳаи тандурӯстӣ ва фаъолони ҷомеа чунин омӯзишҳо бештар ба роҳ монда шавад, баҳри солимии ҷомеа як қадами бузурге хоҳад шуд.