Имрӯз 11-уми июн, ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 7-уми июни соли 2024, №124 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ» дар назди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, бо ҷалби раис ва аъзоёни Комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Ситод баргузор гардид.

 

Дар кори Ситод, Муминзода Мастура Табарӣ тамоми аъзоёни Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба масъулият ва вазифаҳояшон шинос намуда, таъкид дошт, ки бояд даъвати тирамоҳиро шаҳри Левакант дар сатҳи баланд ва босифат иҷро намуда, ҷавононро ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.

Масъулини комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант вазифадор карда шуд, ки даъватномаҳоро ҳарчи зудтар тақсим намуда, ҷавонони синни даъватиро аз санҷиши пурра гузаронанд.

Ба дигар аъзоёни Комиссияти даъват, супориш шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба касбу ҳунар ҷалб намудани ҷавонони синни даъватиро дар сатҳи зарури ба роҳ монда курсҳои кутоҳмуддати ронандагиро дар КШ ТҶММ-и шаҳри Левакант ҳарчи зудтар оғоз намоянд.