Либоси миллӣ пояи фарҳанги миллат, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки тӯли асрҳо рисолаташро иҷро кард ва миллатро муаррифгар буд. Чун сухан дар боби либоси миллӣ равад, ҳатман пеш аз ҳама симои зан–модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат буд.
БИЁ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!
– Либоси миллӣ ин асоси фарҳанги миллат аст ва моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Атласу адраси Суғд, чаканҳои Хатлон, гулдӯзиҳои Рашту Ҳисори шодмон, ҷӯробҳои зебои Бадахшон дар дунё овозадоранд ва либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилои минтақаҳои кишвар дар ҷаҳон шуҳрат дорад ва бемуҳобо дурдонаи фарҳанги миллати тоҷик аст. Чакану атлас зеби духтари тоҷик буда, ҳар як нақшу ранги вай зиннати махсус дорад ва ба ҳусни зебои бонувон зебогии дигаре зам мекунад. Либоси шинаму зебо ҷаҳони зоҳирии занону бонувонро рангинтар ва ҳатто мафтункунанда менамояд. Пӯшидани либоси атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад, балки он либоси рӯзмараи ҳар зани тоҷик ба ҳисоб равад. Либоси атласу адрас ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба зани хонашин ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб. Тарзи рӯймолбандии аз асрҳои аср бамеросмондаи миллати тоҷик чӣ иллате дошта бошад, ки имрӯз баъзе занону духтарони мо онро намеписанданд ва тақлид ба фарҳанги бегона намуда, рӯймолбандие мекунанд, зеби зан, бонуи тоҷик нест. Аҷдодони мо то имрӯз ба сар рӯймол бастаанд ва онро аз кадом паҳлуе нигоҳ накунем, айбе надорад, баръакс аҷаб хушнамову шинам аст. Имрӯз ҷавондухтарони мо дар рӯзи тӯйи арӯсиашон харҷи беҳуда намуда, тақрибан аз 800 то 3000 сомонӣ либоси аврупоӣ, ба истилоҳ “фата” иҷора гирифта, ба бар менамоянд. Хуб мешуд, ки онҳо ба куртаи чакану атлас ва либоси миллӣ ба хонаи домод мерафтанд, – мегӯяд Наргис Нурализода, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.
Ба гуфтаи муаллима солҳои охир бонувоне, ки тақлид ба либоспӯшии бегона месозанд, зиёд ба мушоҳида мерасад. Духтарон ва баъзан занони тоҷик аз пушти мӯди хориҷӣ рафта, ҳиҷобу сатр ва либосҳои тангу даридае ба бар мекунанд, ки хоси миллати мо нест. Занону духтарон, бояд ба фарҳанги бегона ба хусус либоси ғайр тақлид накунанд ва омӯзгорон, волидайн, фаъолони ҷомеаро мебояд сади роҳи ин бегонапарастӣ бошанд.
–Банда, бениҳоят дӯстдори либоси миллӣ ҳастам, ба ҳама ҷавондухтарон тавсия медиҳам, ки либоси миллӣ ба бар намоянд, зеро зеби бонуи тоҷик ин либоси миллӣ аст, аз ин хотир биёед тоҷикона мепӯшем,– мегӯяд Н. Нурализода.
АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ!
Пӯшидани либос фарҳанги хос дорад ва имрӯз баъзан занону духтарони мо либосҳои аврупоӣ ва сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд, ки чандон хушоянд нест. Соҳибкорон ва дӯзандаҳо низ ба пешниҳоди либосҳои миллӣ бояд бештар таваҷҷуҳ дошта, арзишҳои миллиро ҷойи аввал гузоранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 22-юми июни соли 2024 ба он тағйирот ворид гардид, дар моддаи 18 банди 5-и қонуни мазкур омадааст: “Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд”.
PS: Хонандаи азизу гиромӣ ва хеле закӣ моро зарур аст, ки фарҳанги миллии худро ҳифз намоем, пайравӣ аз суннатҳои чандинҳазорсолаи миллатамон кунем, либоси миллиро дар кишвари худ ва берун аз он тарғиб намоем. Дар ин самт дастгирии Шумо ба нафъи ҷомеа ва рушди фарҳанги либоси миллӣ хоҳад буд. Модоме, ки либоси миллии мо нишона аз фарҳанги мост, пас биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон қабеҳ насозем ва беолоиш ба ояндагон ба мерос гузорем.
Албинаи Абдусаттор
Возможно, это изображение 2 человека и косы