Тибқи як нақша-чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант, баҳри ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" бо сокинон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ масъулини Раёсати кор бо ҷавонони вилоят, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант, раиси ҷамоати деҳоти "Ваҳдат", масъулини Комисариати ҳарбии шаҳр, Ташкилоти собиқадорон, ҷавонон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.

 

Гурӯҳи корӣ ба иштирокдорон вобаста ба моҳияти ватандорию хештаншиносӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон баромад намуданд.

Инчунин дар ҳамин вохӯрӣ ба волидони сарбозони ихтиёрӣ барои тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонони вилоят ва бахши кор бо ҷавонони шаҳр тақдим гардим.

Ҳамзамон аз ҷониби волантиёрон ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.