Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз мутахассисони бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, ТТҲС ва Муассисаи давлатии Маркази ВНМО дар кӯчаҳои Сомонӣ 4, Нурулло Абдуллоев 14 ва Лоҳутӣ 9-10-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо усули имфиродӣ, колективӣ ва хона ба хона корҳои таблиғотӣ гузарониданд.

 

Риояи маданияти шаҳрнишинӣ, пешгирии занону ҷавонон ва наврасон аз ҷиноят, омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофопарастӣ, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб ва либоси нимурён), таълимоти ғайриқонунии диннӣ, соҳибкасб намудани духтарон, бедор кардани ҳисси милии ҷавонону наврасон ва дигар мавзуоти доғи рӯз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ буд, ки гурӯҳи корӣ хеле фишурда ба сокинон фаҳмондадиҳӣ карданд.