Имрӯз 25-уми сентябр, тибқи нақша-чорабиниҳо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оила, ТТҲС-и шаҳр ва фаъолон дар МТМУ №12-и деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бо бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот вохӯрӣ карда, баҳри пешгири аз ҷиноят, амалҳои номатлуб, риояи пушиши сару либоси мактабӣ, сатҳу сифати таълим, инзизом, иштироки фаъолона дар озмунҳо, тозагии шахсӣ фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Дар идомаи ҳамин корҳои таблиғотӣ гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Истиқлол низ вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, нисбати пешгирии занону ҷавонон ва наврасон аз ҷиноят, омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофопарастӣ, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб ва либоси нимурён), таълимоти ғайриқонунии диннӣ, соҳибкасб намудани духтарон, бедор кардани ҳисси милии ҷавонону наврасон ва дигар мавзуоти доғи рӯз баромад намуд.
Инчунин аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанду дар таълиму тарбияи фарзанд ҷиддбошанд.
Сипас баҳри пешгирии бемориҳои сироятию мавсими директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр-Акрамова Суман фаҳмондадиҳи намуда, таъкид кард, ки қоидаҳои гигиению санитарӣ ва тозагии шахсиро риоя намуда ба саломатии худу наздиконатон диқати махсус диҳед.
Инчунин гурӯҳи корӣ ба истифодаи самараноки заминҳо наздиҳавлигии сокинони деҳа таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки истифодаи оқилонаи замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ба манфиати ҷомеа буда, бояд ҳар як шаҳрванд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин васила дар таъмини сабади истеъмолии худ бо ғизои дастрас кушиш намояд.