Имрӯз шанбеи 21-уми сентябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаи марказӣ, назди ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр шарбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ кормандони тамоми ташкилоту муассиса ва сокинон фаъолона иштирок намуда, дар тозагии шаҳр саҳми худро гузоштанд.

Ду шафати шоҳроҳи Левакант-Бохтар дар ин рӯз пурра аз хасу хошоки хушкида ва дигар чизҳои нолозим тоза карда шуд. Дар назди дигар ташкилоту корхона ва кӯчаҳои шаҳр корҳои тозагию ободонӣ гузаронида шуд.

 

Боиси қайд аст, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи кишвар ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ дар шаҳри Левакант пайваста корҳои ободонии тозагӣ гузаронида мешавад, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстии сокинони шаҳр шаҳодат медиҳад.