Масъулин ва кормандони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар назди бинояи Муассиса шанбегӣ ва корҳои ободонӣ гузарониданд. Чандест, ки тозакорӣ ва ободонию созандагӣ ҷараён дошта, масъулин кушиш карда истодаанд, ки дар баробари машқу тамрин иштирок дар мусобиқаҳо бо ободониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода ба ҷараёни кор ошно гашта, ба мураббиёну варзишгарон барои боз ҳам беҳтар сохтани шароит ва ободонӣ дар Муассиса, тавсияҳо дод.