11-уми сентябр, дар утоқи кории Комисари ҳарбии шаҳри Левакант, Ситоди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Раиси Комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло аз рафти маъракаи даъвати ҷавонон ва ҳуҷатгузорию дигар масъалаҳои вобаста ба даъват шинос шуд. Комиссари ҳарбии шаҳр вобаста ба ҷараёни кор дар ин самт ҳисобот дода, зикр намуд, ки корбари бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мизҳои ҳарбии онҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Гуфта шуд, ки алакай як қисми даъватшавандаҳо дар курсҳои кутоҳмудати ронандагии назди Кумитаи шаҳрии ТҶММ ба таълим фаро гирифта шудаанду бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хонда истодаанд ва дар рӯзи гусели наваскарон бо шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ таъмин мегарданд. Қисми дигари ҷавонон аз Комиссияи тиббӣ гузашта барои даъват ва сафарбарӣ омода мебошанд.
Масъулин иброз доштанд, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи шаҳри Левакант дар ин самт ба пуррагӣ иҷро хоҳад гашт.