Давиданро шоҳи варзш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад.
Имрӯз 9-уми сентябр, бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Левакант, мусобиқаи «Дави миллӣ» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия ва роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, СНОБВ дар ш. Левакант, ҶДММ «Тоҷик-Азот» ва сокинон фаъолона иштирок намуданд.
Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, иштирокдорони ин чорабинии варзиширо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз тамоми иштирокдорон барои ширкати фаъол изҳори сипос намуд. Ва ҷиҳати сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуда ба мусобиқа оғоз бахшид.
Масъулияти доварӣ ва баргузории чорабинии «Дави миллӣ» ба зимаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ буда, дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд.
Мувофиқи натиҷагирӣ дар мусобиқаи «Дави миллӣ» дар миёни кормандони ташкилоту корхонаҳо ҷойҳо муайян карда шуда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо Сипосноваву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.