Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, баҳри рушди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш 4-уми октябр, дар яке аз толорҳои варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, байни наврасон мусобиқаи вилоятии «Ушу Санда» баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр фаъолона иштирок намуда ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқаи мазкур рӯзҳои 11-12-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад, ки чанд варзишгари навраси шаҳри Левакант дар он иштирок мекунанд.