Ҷиҳати бедор кардани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ ба воя расидани онҳо раис ва аъзоёни Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабиниҳои худ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр, бо хонандагон вохӯрӣ гузарониданд.

 

Дар ин бора раиси Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори шаҳр-Шеров Худойдод хабар дода гуфт, ки дар якҷоягӣ бо аъзоёни Иттиҳод, дар 9-муассисаи ҳудуди шаҳр, бо ҷавонону наврасон вохӯрӣ гузаронидаанду баҳри пешгири аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, пешгири аз терроризму экстремизм ва дигар мавзуҳои вобаста ба ҷавонон баромад намуда, ба ҷавонон дӯст доштани Ватан-Модар, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва эҳтироми хонаводау калонсолонро ба онҳо талқин карданд.

Инчунин дар ин вохӯриҳо ҷавононро барои хизмат ба Ватан-Модар дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, таъкид доштанд, ки ҳар ҷавонмарди ватандӯст бояд хизмати ҳарбиро адо намуда ин қарзи мардонагиро иҷро намояд.