31-уми октябри соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо як зумра донишҷӯёну мактаббачагони лаёқатманд, ки дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шудаанд, вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як гурӯҳ донишҷӯёну мактаббачагони лаёқатманд дар вақти таътили тирамоҳӣ аз 31-уми октябр то 5-уми ноябри соли равон барои истироҳату фароғат ба «Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон»-и ноҳияи Ховалинг сафарбар гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат бо донишҷӯёну мактаббачагони лаёқатманд онҳоро барои омӯхтани илму дониш, таъриху фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, мутолиаи асарҳои безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Восеъ»-и С.Улуғзода ва тақвият додани нерӯи ақлонию зеҳнӣ ҳидоят намуд.
Дар қатори хонандагони болаёқати дигар минтақаҳо 10 нафар ғолибони олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз вилояти Хатлон низ ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуда, дар ин вохӯрӣ иштирок доштанд. Вазири Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро махсусан бо Шарифзода Саодат хонадаи МТМУ №2-и шаҳри Левакант аз минтақаи Бохтар низ ҳамсуҳбат шуданд.
Зикр гардид, ки дар меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон ҳамаи шароитҳо барои илмомӯзию истироҳат муҳайё буда, ҷавононро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва сайқал додани илму дониши худ пайваста саъю талош намоянд. Дар вақти таътил ба чорабиниҳои варзишӣ - фарҳангӣ ва шоҳмотбозӣ машғул гардида, нерӯи зеҳнии худро тақвият бахшанд, зеро рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон, ташаккулдиҳандаи тафаккур ва маърифати онҳо арзёбӣ мегардад.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонони лаёқатманд рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Гул Маҳбуба