Имрӯз 31-уми октябр, тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омӯзиши ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ дар шаҳри Левакант санҷишу омӯзиши қувва ва воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ доир гардид. Дар ин тадбир шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ширкат варзида, омодагии худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ин амал бори дигар исбот намуданд. Чуноне мушоҳида карда шуд барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, хаймаҳо, гуруҳи табибон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ ва дигар техникаву воситаҳо дар ҳолати хуби омодабош қарор доштанд.

 

Даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, техникаву нақлиёти гуногуни хизматрасонӣ ба намоиш гузошта шуда, собитгари он буд, ки мардони шуҷои меҳандӯст ҳамеша омодаанд, ки амнияту суботи кишварро бо дарки баланди масъулият аз ватану ватандорӣ ҳимоя созанд.

Дар ин чорабинӣ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, Комиссари вилояти Хатлон генерал-майор Амонуллозода Аминҷон, Комиссари Ҳарбии шаҳри Левакант майор-Раҳмонзода Анвар ва масъулини тамоми сохторҳои шаҳрӣ ширкат доштанд.

Нахуст Комиссари ҳарбии шаҳр-Раҳмонзода Анвар оид ба ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ ба муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуд. Ҳайати намояндагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳри Левакант аз намоиши техникаҳо боздид намуда, дар як маврид бо иштирокчиёни машқи омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ суҳбат оростанд.

Зимни иштирок дар ин чорабинӣ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамият ва муҳиммияти ташкил ва гузаронидани санҷиши ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки баргузории чорабини новобаста аз вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳолати омодабош будани шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ арзёбӣ гашта, иштироки фаъолонаи сокинони касбу кори гуногун дар ин чорабинӣ, исботи он аст, ки мардони шуҷои Ватан бо руҳияи шикастнопазир зери сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзи кишвар, муқаддасоти миллӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқонаву садоқатмандона омодаанд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои олии ватандорӣ аз ҳар фарди дилогоҳу хештаншинос рисолати бузурги фарзандиву садоқатмандиро тақозо мекунад. Инчунин ӯ барои иҷрои саривақтии нақшаи сафарбарии ҷавонон дар даъвати тирамоҳӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрдорӣ ва тамоми масъулин аз номи Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ низ атрофи ҳолати омодабошӣ ва дигар паҳлӯҳои ташкили чунин як ҳамоишро шарҳ дода гуфт, ки зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи, экологи ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчаги ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳури, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳоли равона карда шудааст. Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат буда, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад. Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳури барои пешгирии таҳдиди ҳар гуна амалу хатарҳо пешбинӣ гардидааст.

Пас аз анҷоми санҷишу омӯзиши қувва ва воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо иштироки ҳайати намояндагии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҳамоиш оид ба таҳлилу натиҷагирӣ аз ҷараёни ин чорабинӣ баргузор ва фикру ақидаҳо баён карда шуданд.